ғавғо

ғавғо
[غوغا]
1. садоҳои баланди издиҳоми мардум; сару садо, ҳаёҳу, фарёду фиғон; ғалоғула, мағал
2. фитна; моҷаро, ғавғои дурӯғ сару садои бардурӯғ; шӯру ғавғо ошӯбу ҳаяҷон; доду фарёд; ғавғо бардоштан а) доду фарёд кардан, ҷанҷол кардан; б) балво барпо кардан; ғавғо кардан доду фарёд кардан, мағал бардоштан; шӯру ғавғо бардоштан а) доду фарёд кардан; ҷангу ҷидол кардан; б) ошӯбу балво барпо кардан; шӯру ғавғо кардан ниг. шӯру ғавғо бардоштан; дар шӯру ғавғо шудан доду фарёд бардоштан; ҷангу ҷанҷол кардан
◊ ба сар ғавғоҳо афтодан (фитодан) дучори моҷароҳо шудан; мусибатҳоро аз сар гузаронидан

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужно сделать НИР?

Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»